М. Муинова: Тарбияи ҷавонон вазифаи ҳар як фарди ҷомеа
Душанбе, 12.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Корҳои фаҳмондадиҳиву баррасии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи меҳанпарастӣ ва хештаншиносию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як фарди бо масъулиятноки ҷомеа ба шумор меравад,- гуфт Мавсума Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни мулоқот бо ҷавонону фаъолон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, бахшҳои танзими расму оинҳои динии вилоят.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқоти ошкоро масъулони кумита дар вохўрӣ роҷеъ ба ваҳдату ягонагиву осоиштагӣ ҳамчун сарчашмаи асосии рушди бемайлон ва роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни қишри ҷавони ҷомеа сухан гуфтанд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар шаҳру минтақаҳои вилояти Хатлон низ ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






