Мақоми нави Бунафша Одинаева

Март 28, 2014 17:07

Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори баррасии дигар масоил, ҳамчунин тағйироти кадрӣ низ сурат гирифт. 
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева, ки қаблан вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, ба вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Март 28, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш