Маҳаллаи журналистон дар Хуҷанд
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд барои 22 нафар журналист қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи маҳаллаи бунёдшаванда бо журналистон мулоқот ороста, онҳоро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.
Абдураҳмон Қодирӣ саҳми рӯзноманигоронро барои ҳалли масалаҳои муҳими ҷомеа назаррас арзёбӣ намуда, аз журналистон даъват ба амал овард, ки барои бозтоби бештари масоили мавҷуда дар васоити ахбори омма ва таҳияи маводи таҳлилӣ талош варзанд. Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки бо бунёди манзилҳои истиқоматии замонавӣ ин маҳаллаи навбунёд минбаъд ба яке аз мавзеъҳои ободу сарсабзи шаҳри Хуҷанд мубаддал хоҳад шуд.
Сипас журналистон аз тариқи қуръакашӣ макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муқаррар намуданд.
Тавре ски омонаи расмии раиси вилоят хабар медиҳад, аз ҷониби идораҳои Сарраёсати истифодаи замин ва идораи шаҳрсозию меъмории шаҳри Хуҷанд ба журналистоне, ки соҳиби қитъаи замин гардиданд, сертификати замин ва лоиҳаҳои манзилҳои истиқоматӣ ройгон дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






