Маҳфили маснавихонӣ дар КМТ
Душанбе, 13.03.2014 (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили навбатии маснавихонӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бо сарварии олим, файласуфи шинохтаи тоҷик Нодир Одилов доир гардид. Устод Нодир Одилов порчаҳо аз ашъори Мавлавиро хонда, маънидод намуд. Ӯ зикр намуд, ки мероси адабии Румӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Мавлоно кӯшиш ба харҷ додааст, ки тавассути ашъораш мақому мартабаи инсон, бахусус маънавиёти вайро баланд бардорад. Ба қавли Мавлоно холиқи афъол худи инсон буда ва ҳар феъле, ки аз ӯ содир мешавад, марбут ба худи ӯст, яъне ба рафтору кирдори худи инсон вобаста аст. Инсон бояд ғазабро аз худ дур кунад ва онро ба таҳаммул иваз намояд. Дар маҳфил баҳсҳои ҷолиб сурат гирифтанд ва иштирокдорон барои боз ҳам беҳтар доир намудани маҳфил пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Ҳадафи маҳфил аз тарбияи ахлоқӣ ва шинохти ашъори Мавлавӣ, инчунин ба ин восита ба роҳ мондани тарбияи дурусти насли наврас иборат буд.
Дар маҳфил олимон, адибон, дӯстдорони ашъори Мавлавӣ иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки маҳфили маснавихонӣ бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори дуюм аст, ки сурат мегирад ва он минбаъд дар як моҳ ду маротиба доир мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






