Маҳсулоти Тоҷикистон рақобатпазир аст
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ Маркази сифат таъсис ёфта, ба он якчанд ширкатҳое шомиланд, ки ба ҷорӣ намудани низоми байналмилалии сифати амволи давлатӣ машғуланд, гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова дар ҷараёни вохӯрӣ аз рӯи натиҷаи соли аввали воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо.
Мувофиқи суханони Лариса Кислякова, стандартҳои зикршудаи сифат нисбат ба гурӯҳи муайяни амвол корбурд нашуда, дар байни худи истеҳсолкунандагони маҳсулот мавриди истифода қарор мегиранд.
«Бо дарназардошти узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон, худи ширкат бояд стандартҳои байналмилалӣ дошта ва онҳоро дар амал татбиқ намояд. Истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки ба содироти мол машғуланд, бояд якчанд намуди стандартҳоро, аз қабили идораи истеҳсолот, масъалаҳои экологӣ ва ғайра, рӯи кор оранд», — зикр намуд Кислякова.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ ҳамчунин қайд намуд, ки имрӯз амволи Тоҷикистон аз қабили пахта, алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо рақобатпазиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






