Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумат баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ба вазифаҳо таъин шуданд:
Бунафша Одинаева — Муовини вазири фарҳанг;
Зулфия Одинаева — Муовини вазири нақлиёт;
Абдулҳаким Холов — Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Раҳимҷон Саидов — Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
Раҳматулло Таваров — Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳодур Холназаров — Сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Ғафур Хоҷамуродов — Сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Холмаҳмад Назаров — Сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд. Тавре зикр гардид, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила дар сатҳи 40%, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35%, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидааст.
Ҳамчунин Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус, Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ ва Нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасдиқ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкдории исломӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” низ пешниҳод гардид. Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба лоиҳаи Қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва ба Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 50 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ишкошим ва ба ниёзмандони маҳаллӣ ҷудо карда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 166 га замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида ҷудо карда шуд.
17 га замин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ҷудо гардид.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба вусъат бахшидани киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу жола ва обхезӣ ва бартарафсозии оқибатҳои эҳтимолии онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Супоришҳои дигар, ҳамчунин доир ба иҷрои нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






