Мактаби замонавии Корез

Март 11, 2014 15:29

Кӯлоб, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати Ҷопон таввасути кумакҳои бебозгашт лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар самти соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дастгирии аҳолии камбизоат корҳои муҳиме анҷом меёбанд. Бо сармояи ҳукумати Ҷопон дар деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб як мактаби замонавӣ аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Ҳабиб» -и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи умумии он 108 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Мактаб мувофиқ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа буда, аз 6 синфхона, ду утоқи корӣ бо шароити хуби таҳсил барои 210 хонанда дар ду баст иборат аст. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таълимгоҳи мазкурро бо лавозимоти зарурӣ таъмин намуд.

Март 11, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад