Мактаби замонавии Корез
Кӯлоб, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукумати Ҷопон таввасути кумакҳои бебозгашт лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар самти соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дастгирии аҳолии камбизоат корҳои муҳиме анҷом меёбанд. Бо сармояи ҳукумати Ҷопон дар деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб як мактаби замонавӣ аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Ҳабиб» -и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи умумии он 108 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Мактаб мувофиқ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа буда, аз 6 синфхона, ду утоқи корӣ бо шароити хуби таҳсил барои 210 хонанда дар ду баст иборат аст. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таълимгоҳи мазкурро бо лавозимоти зарурӣ таъмин намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






