Манзили истиқоматӣ ба мутахассисони ҷавон

Март 29, 2014 10:45

Душанбе, 29.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар мулоқоти раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Амонзода бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров паҳлӯҳои мухталифи таълиму тадрис ва фарогии фаъолияти эшон дар ҷойи кори ояндаашон баррасӣ гардид.
Тавре ки роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳи мазкур Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки алъон дар донишгоҳи мазкур аз шаҳри Қайроққум  213 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд, ки 28 нафар тибқи квотаи президентӣ ба таълим фаро гирифта шуда, 8 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ иқомат менамояд.  Муовини ректори донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов зикр намуд, ки соли равон 12 нафар донишҷӯи ин шаҳр аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум соли гузашта 4 нафар хатмкунанда ба ҷойи кор ҳозир нагардид, ки ин боиси нигаронист.
Раиси шаҳри Қайроққум таъкид намуд, ки  дар шаҳри Қайроққум захираву имконоти зиёди дастгирии кадрҳои ҷавону соҳибистеъдод мавҷуд аст. Рушди бемайлони шаҳр имконият медиҳад, ки барои мутахассисони ҷавон дар доираи қонунҳои амалкунанда имтиёзҳо муқаррар намоем. Шаҳри Қайроққум шаҳри саноатӣ буда, дар он 20 корхонаи саноатӣ амал мекунад ва соли 2013 ба маблағи беш аз 670 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки дар миқёси мамлакат нишондиҳандаи баландтарин аст. Ғайр аз ин бунёди корхонаҳои калони саноатӣ бо фарогирии 4-6 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст, ки ин ҳама эҳтиёҷмандии мутахассисонро ба соҳоти алоҳида талаб дорад. Музди миёнаи маош дар шаҳр беш аз 1000 сомонӣ мебошад ва қисми зиёди маблағи буҷа барои соҳаи маориф харҷ мешавад. Дар шаҳр 15 мактаби миёна ва як гимназия фаъолият дорад.
Мавсуф аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки барои ободии шаҳрашон азм намоянд ва барои мутахассисони ҷавон манзили истиқоматӣ, қитъаҳои замни наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ гардидаанд.
Донишҷӯён доир ба муаммоҳои худ, аз қабили идомаи таҳсил дар магистратура, дарёфти ҷойи кор барои  хатмкунандагони ихтисоси психология, ҷуброни роҳкиро, таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ савол доданд.
Дар анҷоми мулоқот ба 20 нафар донишҷӯи камбизоат кӯмаки моддӣ расонида шуд. 

Март 29, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!