Марги 2 нафар бар асари садама
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 11 март ронандаи мошини тамғаи «Opel-astra», Абдуллоев Беҳзод Маҳмадрасулович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди деҳаи Ғалламайдон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дохили заҳбури чуқуриаш 3-метр чаппа шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар натиҷа худи ронанда Б. Абдуллоев ва мусофираш Шарофат Аҳмедова, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мусофири дигари мошини мазкур Зуҳро Саидова, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






