Маркази тиббӣ дар Ҷонбахт

Март 31, 2014 11:43

Ховалинг, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг  маркази саломатӣ бо тамоми шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Нигини Сулаймон»  ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дар муддати кутоҳ ва бо истифода аз беҳтарин масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Бо муҳайё гардидани шароити мусоид минбаъд 6 нафар корманди тиб метавонад ба аҳолии ҷамоати деҳоти Ҷонбахт хизмати тиббӣ расонад. То ин дам сокинони ҷамоати мазкур барои муоина ва табобат ба маркази ноҳия мерафтанд.Мавриди зикр аст, ки ширкати сохтмонии «Нигини Сулаймон» дар ноҳияи Ховалинг даҳҳо иншооти ниёзи мардумро бунёд намудааст, ки аксари онҳо дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд. Бунёди мактаби замонавӣ дар деҳаи Шайхон ва ин бунгоҳ аз ҷониби ширкати мазкур  дар ноҳия  туҳфаи хуби наврӯзист. 
 

Март 31, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе