Маркази тиббӣ дар Ҷонбахт
Ховалинг, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар маркази ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг маркази саломатӣ бо тамоми шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Нигини Сулаймон» ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дар муддати кутоҳ ва бо истифода аз беҳтарин масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Бо муҳайё гардидани шароити мусоид минбаъд 6 нафар корманди тиб метавонад ба аҳолии ҷамоати деҳоти Ҷонбахт хизмати тиббӣ расонад. То ин дам сокинони ҷамоати мазкур барои муоина ва табобат ба маркази ноҳия мерафтанд.Мавриди зикр аст, ки ширкати сохтмонии «Нигини Сулаймон» дар ноҳияи Ховалинг даҳҳо иншооти ниёзи мардумро бунёд намудааст, ки аксари онҳо дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд. Бунёди мактаби замонавӣ дар деҳаи Шайхон ва ин бунгоҳ аз ҷониби ширкати мазкур дар ноҳия туҳфаи хуби наврӯзист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






