Маросими хатми мусобиқаҳои варзишӣ дар Кӯлоб
Душанбе 18.03.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои кушоди даставӣ оид ба намудҳои футболи хурд, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот ва шашка бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, ки аз 12 то 17 марти соли ҷорӣ идома доштанд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро
ҳозиринро бо фарорасии «Иди байналмилалии Наврӯз» муборакбод намуд.
Сипас, ғолибони мусобиқаҳо эълон гардиданд. Аз рӯи натиҷаи тамоми намудҳои варзиш ҷойи аввалро дастаи Хатлон-2 (минтақаи Кӯлоб), ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро дастаи варзишгарони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ишғол намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо бо Ҷом, медал, диплом, сипоснома, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравию арзишнок сарфароз гардонида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






