Машварати истеҳсолкунандагон
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади фароҳам овардани шароит ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои босифат, бехатар ва аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок ва дар истеҳсолоти саноатӣ ҷорӣ намудани усулҳо ва шаклҳои муосири идоракунии сифат, солимгардонии муҳити зист ва сарфаҷўии захираҳои моддию энергетикӣ мусоидаткунанда Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ низоми идоракунии сифатро дар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз рўи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намояд. Дар ин робита дар маркази вилояти Хатлон аз тарафи “Тоҷикстандарт” бо ҷалби коршиносони олмониву мутахассисони соҳавӣ ва иштироки соҳибкорони вилоят саминар доир гардид.Ҳадафи асосии чорабинӣ пеш аз ҳама ба истеҳсолкунандагон фаҳмонидани манфиатҳои ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.Қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ба корхонаҳои ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифату ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тобовар, истеҳсол намуда дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






