Машварати истеҳсолкунандагон

Март 11, 2014 17:07

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади фароҳам овардани шароит ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои босифат, бехатар ва аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок ва дар истеҳсолоти саноатӣ ҷорӣ намудани усулҳо ва шаклҳои муосири идоракунии сифат, солимгардонии муҳити зист ва сарфаҷўии захираҳои моддию энергетикӣ мусоидаткунанда Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ низоми идоракунии сифатро дар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз рўи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намояд. Дар ин робита дар маркази вилояти Хатлон аз тарафи “Тоҷикстандарт” бо ҷалби коршиносони олмониву мутахассисони соҳавӣ ва иштироки соҳибкорони вилоят саминар доир гардид.Ҳадафи асосии чорабинӣ пеш аз ҳама ба истеҳсолкунандагон фаҳмонидани манфиатҳои ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.Қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ба корхонаҳои ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифату ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тобовар, истеҳсол намуда дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузоранд.

Март 11, 2014 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд