Маводи беҳтарин ҷиҳати пешгирии сил

Март 27, 2014 11:47

Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ озмуни беҳтарин мавод дар васоити ахбори оммаи электронӣ ва чопиро дар мавзӯи «Пешгирӣ ва дарёфти саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ» эълон кардааст.Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, ба озмун довталабон барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, маводи чопӣ дар рӯзномаҳо ва сомонаро метавонанд пешниҳод намоянд. Ба озмун барномаҳое, ки аз 10 марти соли 2013 то 20 апрели соли 2014 аз тариқи эфир пахш шудаанд ва ё дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расидаанд, қабул мешаванд. Барои барномаҳои телевизион ва радио тасдиқномаи роҳбарияти расона дар хусуси рӯзи пахш, барои сомонаҳо ва ҳафтаномаву маҷаллаҳо нусхаи чопӣ зарур аст. Мавод барои лоиҳаи «Тандурустии босифат» ва ё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ то 21 апрели соли равон қабул мешаванд.

Март 27, 2014 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш