Методологияи тадқиқоти ҷомеаи шаҳрвандӣ
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ). Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Методологияи тадқиқоти ҷомеаи шаҳрвандӣ» бо иштироки директори марказ Худобердӣ Холиқназаров мизи гирд доир гардид. Дар нишаст дар мавзӯи «Тадқиқоти сохтор ва вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фарҳангии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» сардори раёсати ояндабинии сиёсати дохилии марказ Шералӣ Ризоев, дар мавзӯи «Паҳлӯҳои иҷтимоии тадқиқи ҷомеаи шаҳрвандӣ» Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ маърӯза карданд.
Дар нишаст коршиносон, олимон, роҳбарони ташкилотхои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Дар ин бора котиби матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдӣ Собир хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






