Мизи мудаввар дар коллеҷи сарҳадии САҲА

Март 6, 2014 10:00

Душанбе, 06.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ  иттилоъ доданд, дар Коллеҷи сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) барои ҳайати роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи  “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар минтақаи САҲА  бо такя ба Афғонистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони 12 кишвар иштирок доштанд.
Тибқи иттилои сарчашма, мақсади асосии чорабинӣ — созмон додани замина барои мубодилаи таҷриба ва афкор байни иштирокчиёни курси 10-рӯзаи омӯзиши ҳайати роҳбарикунанда, коршиносон аз Миссияи дипломатӣ, ки дар Тоҷикистон ваколат доранд ва намояндагони сохторҳои давлатӣ буд.
Барномаи мизи мудаввар аз шарҳи вазъият дар соҳаи амнияти Афғонистон ва минтақаи САҲА, инчунин роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон дар минтақаи САҲА иборат буд.

Март 6, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд