Муҳоҷирони қонуншикан
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи феврали соли равон бо мақсади пешгирии муҳоҷирати назоратнашаванда ва ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар дар корхонаю ширкатҳо санҷишҳои назоратӣ гузаронд.
Дар айни замон дар миқёси вилояти Суғд зиёда аз 60 адад ширкат бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият мебарад. Дар давоми моҳи феврал аз ҷониби гурӯҳҳои кории раёсат дар 9 ширкат санҷиши назоратӣ гузаронида шуд, ки зимни он 3 ҳодисаи вайронкунии қонунгузории маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид. Вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои ошкоргардида парвандаи вайронкунии қонунгузории маъмурӣ оғоз шуд.
Аз рӯи маълумоти сардори шуъбаи таҳлил ва бақайдгирии раёсат Абӯбакр Иброҳимов дар маҷмӯъ, нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар моҳи феврал 24 парвандаи вайронкунии қонунгузории маъмурӣ оғоз гардид. Сабаби асосии вайронкунии қонунгузориҳо- ин риоя накардани қоидаҳои будубош ва бе иҷозати расмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар баробари гузаронидани санҷиши назоратӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ доир намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






