Муҳокимаи маърӯзаи нави Бонки умумиҷаҳонӣ

Март 5, 2014 14:06

Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 4 март дар  шаҳри Душанбе  натиҷаи  маърӯзаи  нави Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар  мавзӯи  «Рушди диверсификатсионӣ: истифодаи беҳтари  захираҳои табиӣ дар  АвруОсиё» мавриди муҳокима  қарор  гирифт. 
 
Тавре  ки аз намояндагии  Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар  ҶТ  хабар  доданд, тайи 20  соли охир захираҳои табий барои   рушди  минтақаи   АвруОсиё  мақоми   асосӣ  доштанд.  Дар  кишварҳои дорои захираҳои  ғании табиӣ  ва кишварҳое, ки  начандон  чунин  захира  доранд,  рушди босуръати  иқтисодиёт, хеле  коҳиш  ёфтани  сатҳи  камбизоатӣ  ва ба  таври  назаррас  беҳтар   гардидани  сатҳи зиндагӣ, аз  ҷумла дар  соҳаи маорифу тандурустӣ ба  қайд  гирифта  шуд. Кишварҳое, ки захираҳои зиёди  табиӣ   надоранд, бо  усули  вусъат бахшидани тиҷорат ва сарфи  маблағҳои ҳамгуфт аз захираҳои табии  кишварҳои  ҳамсоя  истифода намуданд.
 
«Тоҷикистон  чун  кишварҳои  дигари  АвруОсиё  дастовардҳои худро дар  масъалаи  истифодаи самарабахши  боигариҳои табиӣ  беҳтар  намуд.  Тоҷикистон  аз  соли  2006 барои истифодаи судманди сарватҳои  табиӣ  саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ  дод», — зикр  намуд роҳбари шуъбаи идораи  иқтисодиёт ва  коҳиш додани  камбизоатии Бонки  умумиҷаҳонӣ, яке аз  муаллифони маърӯза  Ивайло Изворски. 
 

Март 5, 2014 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе