Муҳокимаи маърӯзаи нави Бонки умумиҷаҳонӣ
Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 4 март дар шаҳри Душанбе натиҷаи маърӯзаи нави Бонки умумиҷаҳонӣ дар мавзӯи «Рушди диверсификатсионӣ: истифодаи беҳтари захираҳои табиӣ дар АвруОсиё» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ки аз намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, тайи 20 соли охир захираҳои табий барои рушди минтақаи АвруОсиё мақоми асосӣ доштанд. Дар кишварҳои дорои захираҳои ғании табиӣ ва кишварҳое, ки начандон чунин захира доранд, рушди босуръати иқтисодиёт, хеле коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва ба таври назаррас беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифу тандурустӣ ба қайд гирифта шуд. Кишварҳое, ки захираҳои зиёди табиӣ надоранд, бо усули вусъат бахшидани тиҷорат ва сарфи маблағҳои ҳамгуфт аз захираҳои табии кишварҳои ҳамсоя истифода намуданд.
«Тоҷикистон чун кишварҳои дигари АвруОсиё дастовардҳои худро дар масъалаи истифодаи самарабахши боигариҳои табиӣ беҳтар намуд. Тоҷикистон аз соли 2006 барои истифодаи судманди сарватҳои табиӣ саъю кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дод», — зикр намуд роҳбари шуъбаи идораи иқтисодиёт ва коҳиш додани камбизоатии Бонки умумиҷаҳонӣ, яке аз муаллифони маърӯза Ивайло Изворски.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






