Муаррифии Тоҷикистон дар Олмон
Душанбе, 6.03.2014 (АМИТ «Ховар»,Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон — шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014” расман ба кор оғоз кард. Дар он намояндагони беш аз 188 кишвар иштирок доранд. Тавре ки Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, иштирокчии ин чорабинӣ аз Берлин хабар дод, ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиши калонтарини туристии олам, ки то 10 марти соли ҷорӣ идома меёбад, масъулини соҳа ва намояндагони як силсила ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin” як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти туристии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндагони кишвари мо дар он соли ҳафтум аст, ки ширкат менамоянд.
Дар доираи баргузории намоишгоҳ, мулоқоти вазирони туризми мамлакатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардида, Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо “ITB Berlin” роҳандозӣ мешавад, барпо мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






