Муаррифии “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Парлумони Аврупо
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — 19 марти соли 2014 дар ш.Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо ба муносибати ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ баргузор гардид. Китоби мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ “Big Media Group” (ш.Брюссел) бори аввал ба забони фаронсавӣ 10 марти соли 2014 нашр карда шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.
Дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо ва мушовирони сиёсии онҳо, доираҳои илмӣ, муаррихон, шарқшиносон ва фарҳангшиносони аврупоӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар оғоз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев интишори китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро зери муаллифии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба забони фаронсавӣ як рӯйдоди басо рамзӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки он муаррифигари таъриху фарҳанги кӯҳани мардуми тоҷик дар байни намояндагони фаронсавизабони тамоми дунё хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки нашри чунин шоҳасари Сарвари давлати тоҷикон ба ошноии бештари ҷаҳониён ва сайёҳон бо кишвари мутамаддини Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки маълумоти таърихии китоби мазкур боиси болоравии сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон, тақвияти ваҳдату дӯстии тоҷикон шудааст.
Сипас корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи мӯҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ ҷабҳаҳои таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони Парлумони Аврупо шарҳ дода, махсусан қайд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бисёр мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб хеле хуб маҳфуз мондаанд ва ҷолиби диққати сайёҳони сершумор, таърихшиносон ва ҳафриётшиносони аврупоиву амрикоӣ ҳастанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба асари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки он барои муҳофизат ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани он нақши муҳимро мебозад.
Дар охири маҳфил ба ҳамаи ҳозирин нусхаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони фаронсавӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






