Мулоқоти Абдусалом Қурбонов бо Питер Микули

Март 14, 2014 14:14

  Душанбе, 14.03.2014(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо Роҳбари  дафтари Швейтсария  оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микули 13 март Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаҳои «Офият ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳалаи 2» ва «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3» — ро имзо намуданд. 
 
Тавре аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади лоиҳаи «Офият ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳалаи 2» беҳтар намудани низоми обтаъминнамоии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, аз он ҷумла шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент ва ноҳияҳои Шаҳристон ва Зафарободи вилояти Суғд мебошад. Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3»  маблағгузории барномаҳои сармоявиро  барои беҳтарсозии қубурҳои обгузар ва барқарор намудани иншоти тозакунанда дар шаҳри Хуҷандро дарбар мегирад.  
 
 

Март 14, 2014 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад