Мулоқоти Абдусалом Қурбонов бо Питер Микули
Душанбе, 14.03.2014(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Питер Микули 13 март Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаҳои «Офият ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳалаи 2» ва «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3» — ро имзо намуданд.
Тавре аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади лоиҳаи «Офият ва обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳалаи 2» беҳтар намудани низоми обтаъминнамоии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, аз он ҷумла шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент ва ноҳияҳои Шаҳристон ва Зафарободи вилояти Суғд мебошад. Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Хуҷанд, марҳалаи 3» маблағгузории барномаҳои сармоявиро барои беҳтарсозии қубурҳои обгузар ва барқарор намудани иншоти тозакунанда дар шаҳри Хуҷандро дарбар мегирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






