Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ФИФА
Душанбе, 25.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.Тавре зикр гардид, тамошои бозии футболи дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барои Шоҳҷоми Тоҷикистон ва супурдани Ҷоми олӣ ба дастаи ғолиб низ аз бандҳои барномаи боздиди ӯ аз шаҳри Душанбе аст”. Йозеф Блаттер, ҳамчунин дар расми ифтитоҳи майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади ФИФА бунёд шудааст, ширкат меварзад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайвастаи ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон арзи хушӣ кард.Изҳори боварӣ карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






