Мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҶТ ва ҶҚ анҷом ёфт
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар»). – 3 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Т. Мамитов доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот Ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмон ва истифодаи роҳи мошингарди наздисарҳадӣ, инчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи сохтмони ду пули муштарак ва мавзеъҳои роҳи мошингарди ба онҳо наздикро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳоро оид ба татбиқи тавофуқоте, ки дар натиҷаи вохӯриҳои тарафайни ҳайатҳои Ҷонибҳо дар шаҳри Бишкек моҳҳои январ ва феврали соли 2014 ба даст омада буданд, бо қаноатмандӣ қайд карданд.Ҳамзамон зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат қайд карда шуд. Инчунин масъалаи оид ба барқарорсозии кори нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Аз рӯи натиҷаи мулоқот Ҷонибҳо Протокол ба имзо расониданд, ки дар он вазифаҳои минбаъдаи гурӯҳҳои корӣ ва мақомоти салоҳиятдори Ҷонибҳо оид ба иҷрои тавофуқоти қаблан ба даст омада муайян карда шудаанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






