Мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҶТ ва ҶҚ анҷом ёфт

Март 3, 2014 18:16

Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар»). – 3 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Т. Мамитов доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот Ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмон ва истифодаи роҳи мошингарди наздисарҳадӣ, инчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи сохтмони ду пули муштарак ва мавзеъҳои роҳи мошингарди ба онҳо наздикро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳоро оид ба татбиқи тавофуқоте, ки дар натиҷаи вохӯриҳои тарафайни ҳайатҳои Ҷонибҳо дар шаҳри Бишкек моҳҳои январ ва феврали соли 2014 ба даст омада буданд, бо қаноатмандӣ қайд карданд.Ҳамзамон зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат қайд карда шуд. Инчунин масъалаи оид ба барқарорсозии кори нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Аз рӯи натиҷаи мулоқот Ҷонибҳо Протокол ба имзо расониданд, ки дар он вазифаҳои минбаъдаи гурӯҳҳои корӣ ва мақомоти салоҳиятдори Ҷонибҳо оид ба иҷрои тавофуқоти қаблан ба даст омада муайян карда шудаанд.

Март 3, 2014 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд