Мулоқоти Сарвазир бо намояндаи минтақавии СММ
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон Собир Азам мулоқот намуд.Зимни мулоқот гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушду тавсеаи ҳамкориҳо бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон буда, аз кумак ва дастгириҳои ин ниҳоди олии СММ дар ҳалли мушкилоти марбут ба гурезагон пайваста бархурдор аст. Дар мулоқот ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан таъмини шароити созгори ҳузури гурезагон дар қаламрави мамлакат баҳои баланд дода шуд.Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезагон дар самти таъмини бақайдгирии гурезагон ва ашхоси бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, иҷрои санаду қарордодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гурезагон ва таъмини назорати бенуқсони шиносномавӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ изҳори назар карданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






