Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон

Март 27, 2014 17:31

Рӯзи дуюми сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5-уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.Нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳарсе давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд.Дар ҳамоиши сеҷониба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки “ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва таҳти васояти сарони се кишвари дӯст фаъолияти босамар ва густурда намояд”.Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин даъват намуд, ки “ҳамоиши ояндаи сегона тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад ва ҳамзамон намоишгоҳҳои дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиён ба роҳ монда шавад”.

Март 27, 2014 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад