Мулоқоти Ш.Саид бо ҳайати соҳибкорони Покистон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон дирӯз дар Душанбе баргузор гардид.Тавре аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳамчунин Сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Б.Сйал иштирок намуд.Мақсади мулоқот баррасии дурнамои алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва байнипалатагӣ, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорони ду кишвар ва даъвати ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон дар Конференсияи Осиёи Марказӣ барои рушди тиҷорату сармоя, ҳамчунин гузаронидани намоишгоҳи байналмилалӣ , ки дар ҳошияи конференсия аз 14 то 16 апрел дар Исломобод баргузор мегардад. Дар муҳити созанда масоили ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамгироии тиҷоратӣ, роҳҳои вусъати тиҷорати минтақавӣ , зиёдшавии ҷараёни сармояи хориҷӣ , ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва инфрасохторҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.«Солҳои охир афзоиши гардиши дуҷонибаи мол, ҳамчунин фаъолияти кормандон ба ҷалбнамудани сармоягузорӣ ва амалишавии лоиҳаҳо дар сатҳи минтақавӣ ба назар мерасад»,- зикр намуд раиси ПСС .








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






