Мулоқоти соҳибкорони тоҷик дар ҳошияи «Тоҷикистон — 2014»
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 5 март дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкорони ватанию хориҷӣ аз рӯи масоили барқарор намудани ҳамкорӣ дар ҳошияи Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии тӯҳфа ва туризми «Тоҷикистон – 2014» баргузор гардид. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи суханони муовини раиси Палатаи савдои ҶТ Асаналӣ Карамалиев, ин чорабинӣ иқдоми наве дар рушди равобити байниминтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими байни намояндагони сохторҳои тиҷоратии Эрону Тоҷикстон аст.
Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистону Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ буда, мақсад аз ҳамкориашон рушду густариш бахшидани фаъолияти дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ аст.
А.Карамалиев изҳори умедворӣ намуд, ки дар ҳошияи намоишгоҳ саноатчиёну соҳибкорони ҳар ду кишвар метавонанд аз имкониятҳои якдигар беҳтару хубтар воқиф гарданд, ки ин ба рушди мушорикати мутақобилан муфид мусоидат менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






