Муомилоти молии байни Тоҷикистону Покистон афзоиш меёбад

Март 17, 2014 12:01

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо намояндагони ҳайати Покистон бо роҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноати Покистон Шимоил Довуд Арайн, ҳамчунин сафири Покистон дар ҶТ Амҷад Ҳусайн Б.Сиал баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавзӯи мулоқот иборат аз масъалаи 14- 16 апрели соли 2014 дар шаҳри Лоҳури Покистон доир намудани конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ» буд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин конфронс даъват шудаанд. Конфронс бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Вазорати тиҷорати Покистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), баргузор мегардад.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сол аз сол рушду густариш меёбад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2013 муомилоти моли байни ҳар ду кишвар нисбат ба соли гузашта баробари 17,6 фоиз афзуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ ҳанӯз имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи онҳо ба рушди ҳамкории бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо афзалиятҳои аз бандарҳои Покистон ба Тоҷикистон ворид намудани амвол ва имзои созишномаҳои транзитиро қайд намуда, изҳор доштанд, ки роҳандозии конфронси мазкур ба рушду тақвияти ҳамкории минтақавӣ мусоидат менамояд.

Март 17, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе