Муомилоти молии байни Тоҷикистону Покистон афзоиш меёбад
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо намояндагони ҳайати Покистон бо роҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноати Покистон Шимоил Довуд Арайн, ҳамчунин сафири Покистон дар ҶТ Амҷад Ҳусайн Б.Сиал баргузор гардид. Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавзӯи мулоқот иборат аз масъалаи 14- 16 апрели соли 2014 дар шаҳри Лоҳури Покистон доир намудани конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ» буд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин конфронс даъват шудаанд. Конфронс бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Вазорати тиҷорати Покистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), баргузор мегардад.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сол аз сол рушду густариш меёбад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2013 муомилоти моли байни ҳар ду кишвар нисбат ба соли гузашта баробари 17,6 фоиз афзуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ ҳанӯз имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи онҳо ба рушди ҳамкории бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо афзалиятҳои аз бандарҳои Покистон ба Тоҷикистон ворид намудани амвол ва имзои созишномаҳои транзитиро қайд намуда, изҳор доштанд, ки роҳандозии конфронси мазкур ба рушду тақвияти ҳамкории минтақавӣ мусоидат менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






