Муроҷиати беш аз 24 ҳазор шаҳрванд ба ХМ
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз 1 январ то 7 марти соли 2014 -24 ҳазору 238 нафар шаҳрванд ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират (ХМ) ва сохторҳои зертобеи он муроҷиат намуданд, аз ин шумора ба бахши қабул 9 ҳазору 264 нафар, ба Раёсати маълумотдиҳӣ 712 нафар, ба шуъбаи робита бо ҷомеа 200 нафар, ба Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт (фурудгоҳ) 640 нафар, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 6 ҳазору 486 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 975 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ 236 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 3 ҳазору 755 нафар ва ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия 970 нафар рост меояд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 23 ҳазору 593 нафарро мард ва 645 нафарро зан ташкил медиҳад.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд, ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар 1 ҳазору 063 нафар шаҳрванди кишвар дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират буда, ҳудуди 200 ҳазор доллари ИМА зарари молиявии муҳоҷирон ҷилавгирӣ гардид.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






