Муроҷиати беш аз 24 ҳазор шаҳрванд ба ХМ

Март 12, 2014 09:41

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Аз 1 январ то 7 марти соли 2014 -24 ҳазору 238 нафар шаҳрванд ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират (ХМ) ва сохторҳои зертобеи он муроҷиат намуданд, аз ин шумора ба бахши қабул 9 ҳазору 264 нафар, ба Раёсати маълумотдиҳӣ 712 нафар, ба  шуъбаи робита бо ҷомеа 200 нафар, ба Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт (фурудгоҳ) 640 нафар, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 6 ҳазору 486 нафар, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 975 нафар,  ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ 236 нафар, ба  Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри  Душанбе 3 ҳазору 755 нафар ва ба  Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия 970  нафар рост меояд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 23 ҳазору  593 нафарро мард ва 645  нафарро зан ташкил медиҳад.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд,  ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар 1 ҳазору 063 нафар шаҳрванди кишвар дар рӯйхати манъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират буда, ҳудуди 200 ҳазор доллари ИМА зарари молиявии муҳоҷирон ҷилавгирӣ гардид.

Март 12, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд