Мушкилоти муҳоҷират ҳал хоҳад шуд
Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият бахшидани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таҳкими идораи раванди муҳоҷират дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Анвар Бобоев, мудири шуъбаи шуғли дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Алишер Ёрбобоев, сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Толибҷон Шарипов, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Қурбоналӣ Маҳмадов, сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Абдуллои Қодирӣ, мушовири байналмилалии лоиҳа Татяна Елманова, кормандони Хадамоти муҳоҷират, намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳаи муҳоҷират иштирок доштанд.
Дар семинар сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев доир ба «Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода, мушовири байналмилалии лоиҳа Татяна Елманова дар мавзӯи «Муаррифии маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оид ба тавсияи таҳкими идоракунии муҳоҷират дар асоси таҷрибаи ғании байналмилалӣ» маърӯза намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои асосии идораи равандҳои муҳоҷиратӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, роҳнамоӣ дар асоси идора, сиёсати кадрӣ, банақшагирӣ ва низоми идораи маълумотдиҳӣ, рушди иқтидори инсонӣ, таъмин намудан бо маводи техникӣ, омӯзиши барномаҳо ва модулҳо, беҳтар намудани Қонун «Дар бораи муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷират баррасӣ гаштанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






