Мушкилоти муҳоҷират ҳал хоҳад шуд

Март 5, 2014 11:13

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият бахшидани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таҳкими идораи раванди муҳоҷират дар асоси таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Анвар Бобоев, мудири шуъбаи шуғли дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Алишер Ёрбобоев, сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Толибҷон Шарипов, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Қурбоналӣ Маҳмадов, сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Абдуллои Қодирӣ, мушовири байналмилалии лоиҳа Татяна  Елманова, кормандони Хадамоти муҳоҷират, намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳаи муҳоҷират иштирок доштанд.
Дар семинар сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев доир ба «Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода,  мушовири байналмилалии лоиҳа Татяна Елманова дар мавзӯи «Муаррифии маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оид ба тавсияи таҳкими идоракунии муҳоҷират дар асоси таҷрибаи ғании байналмилалӣ» маърӯза  намуд.
Дар вохӯрӣ  масъалаҳои асосии идораи равандҳои муҳоҷиратӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо,  роҳнамоӣ дар асоси идора, сиёсати кадрӣ, банақшагирӣ ва низоми идораи маълумотдиҳӣ, рушди иқтидори инсонӣ, таъмин намудан бо маводи техникӣ, омӯзиши барномаҳо ва модулҳо, беҳтар намудани Қонун «Дар бораи муҳоҷират» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷират баррасӣ гаштанд. 
 
 

Март 5, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад