Мусобиқаҳои наврӯзӣ дар Кӯлоб

Март 17, 2014 12:00

Душанбе, 17.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар шаҳри бостонии Кӯлоб бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ ҷараён доранд. Дар мусобиқаи варзишии намуди шашка дар байни мардҳо 10 нафар варзишгар рақобат намуда, ҷойи якумро Тоҷиддин Маҳмадшарипов намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Муродалӣ Расулов намояндаи Хатлон-2 (минтақаи Кӯлоб) ва ҷойи сеюмро Зариф Аслонов аз вилояти Хатлон-1 соҳиб гардиданд.Инчунин дар бозии шашка байни занҳо, ки 12 нафар ғолиби давраҳои аввали мусобиқаҳо ширкат доштанд, ҷойи якумро Қурбонбӣ Шукурова, намояндаи Хатлон-2, ҷойи дуюмро Муҳайё Ҳаёева аз Хатлон-1 ва ҷойи сеюмро Лайло Бердибекова аз шаҳри Душанбе ишғол намуданд.Дар мусобиқаи намуди шоҳмот байни занон ҷойи якумро Зарина Фатҳуллоева, намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро Иродахон Тоҷиддинова аз минтақаи Рашт ва ҷойи сеюмро Бунафша Забирова аз вилояти Хатлон-1 соҳиб гардиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардон ҷойи аввалро намояндаи шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Паҳлавонов, ҷойи дуюмро Зариф Аслонов аз Хатлон-1 ва ҷойи сеюмро Маҳсиддин Раҳимов аз дастаи Хатлон-2 ишғол намуданд.Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук натиҷагирӣ шуданд.Бояд зикр намуд, ки дар намуди давидан дар масофаи 3000 метр байни мардҳо ҷойи якумро Меҳрубон Шамсидинов, намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Ҷовиди Алихонзода аз Хатлон-2 (минтақаи Кӯлоб) ва ҷойи сеюмро Лоиқ Холиқназаров аз шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.Тибқи иттилои сарчашма, ғолибони мусобиқаи варзиши сабук ва шашкаю шоҳмот бо медал, диплом, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравию арзишнок сарфароз гардиданд. Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои волейбол ва футболи хурд идома доранд.

Март 17, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад