Мусобиқаҳои наврӯзӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 17.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар шаҳри бостонии Кӯлоб бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзишӣ ҷараён доранд. Дар мусобиқаи варзишии намуди шашка дар байни мардҳо 10 нафар варзишгар рақобат намуда, ҷойи якумро Тоҷиддин Маҳмадшарипов намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Муродалӣ Расулов намояндаи Хатлон-2 (минтақаи Кӯлоб) ва ҷойи сеюмро Зариф Аслонов аз вилояти Хатлон-1 соҳиб гардиданд.Инчунин дар бозии шашка байни занҳо, ки 12 нафар ғолиби давраҳои аввали мусобиқаҳо ширкат доштанд, ҷойи якумро Қурбонбӣ Шукурова, намояндаи Хатлон-2, ҷойи дуюмро Муҳайё Ҳаёева аз Хатлон-1 ва ҷойи сеюмро Лайло Бердибекова аз шаҳри Душанбе ишғол намуданд.Дар мусобиқаи намуди шоҳмот байни занон ҷойи якумро Зарина Фатҳуллоева, намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро Иродахон Тоҷиддинова аз минтақаи Рашт ва ҷойи сеюмро Бунафша Забирова аз вилояти Хатлон-1 соҳиб гардиданд. Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардон ҷойи аввалро намояндаи шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Паҳлавонов, ҷойи дуюмро Зариф Аслонов аз Хатлон-1 ва ҷойи сеюмро Маҳсиддин Раҳимов аз дастаи Хатлон-2 ишғол намуданд.Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук натиҷагирӣ шуданд.Бояд зикр намуд, ки дар намуди давидан дар масофаи 3000 метр байни мардҳо ҷойи якумро Меҳрубон Шамсидинов, намояндаи шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Ҷовиди Алихонзода аз Хатлон-2 (минтақаи Кӯлоб) ва ҷойи сеюмро Лоиқ Холиқназаров аз шаҳри Душанбе соҳиб гардиданд.Тибқи иттилои сарчашма, ғолибони мусобиқаи варзиши сабук ва шашкаю шоҳмот бо медал, диплом, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравию арзишнок сарфароз гардиданд. Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои волейбол ва футболи хурд идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






