Мусобиқаҳои наврӯзӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 12-13-уми марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук гузаронида шуданд.Варзишгарон дар мусобиқаҳои давидан дар масофаи 100 метр, пойгаи 400 метра ҳам барои занон ва ҳам барои мардон, 800 метр ва 3000 метр (мардон) ҳунарнамоӣ карданд.Дар мусобиқа ғолибони давраҳои аввал, ки дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақаҳои Рашту Кӯлоб ва шаҳри Душанбе муайян гардида буданд, иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ, дар бозиҳо 32 нафар — 20 нафар мард ва 12 нафар зан иштирок намуданд. Дар хотима ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






