Мусодираи 120 кг маводи нашъаовар дар ду рӯз
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила оид ба боздошт намудани шахсоне, ки ба интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя машғул буданд, тақрибан 120 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд. Кормандони Раёсати агентӣ дар ВМКБ якҷоя бо сохторҳои қудратӣ 18 кг 829 грамм маводи нашъаовари ҳашишро мусодира намуданд.Амалиёти дуюмро кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ба анҷом расониданд. Дар шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт гардид, ки аз ӯ 96 кг маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид, инчунин шарики ҷинояти ӯ — сокини 32-солаи ҳамин ноҳия боздошт гардид, ки маводи нашъаовар ба ӯ тааллуқ дошт.Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаблан барои “роҳзанӣ” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” барои 13 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, аммо пас аз баромадан ба озодӣ низ хулосаи зарурӣ набаровард.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






