Мусодираи ҳашиш дар Қайроққум

Март 12, 2014 10:17

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан се килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроққум як халтаи полиэтиленӣ бо се адад бастаи дорои маводи рангаш сабз мусодира шуд.
Зимни санҷиши пешакӣ кормандони фаврӣ муайян намуданд, ки маводи нашъаовар ба шаҳрванд П.Н. — сокини шаҳри Қайроққум тааллуқ дорад. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он се килограммро ташкил менамояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, дар айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 12, 2014 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад