Мусодираи ҳашиш дар Қайроққум
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан се килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Қайроққум як халтаи полиэтиленӣ бо се адад бастаи дорои маводи рангаш сабз мусодира шуд.
Зимни санҷиши пешакӣ кормандони фаврӣ муайян намуданд, ки маводи нашъаовар ба шаҳрванд П.Н. — сокини шаҳри Қайроққум тааллуқ дорад. Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он се килограммро ташкил менамояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, дар айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






