Мусодираи афюн аз «Toyota — Camry»
Душанбе, 18.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Корхонаи таъмири вагонҳои мусофирбари истгоҳи роҳи оҳани «Роҳатӣ», дастурдиҳандаи корхонаи захираҳои роҳбаладони КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» Мирзоев Саймуҳиддин Рустамович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии мошини тамғаи «Toyota — Camry», 1 бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он 4 кг 378 грамм маводи нашъадори навъи афюн буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарбонов Ибодулло Аскарҷонович, соли таваллудаш 1967, бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 1 кг 180 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Ғайр аз ин, шаҳрванд Ночоров Рамазон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1969, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш 620 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон 1 кг 800 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира намуданд.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Конибодом низ як далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ шуд. Шаҳрванд Бақоев Манучеҳр Мирзосафарович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 кг 950 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






