Мусодираи афюн аз «Toyota — Camry»

Март 18, 2014 10:40

 
Душанбе, 18.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Корхонаи таъмири вагонҳои мусофирбари истгоҳи роҳи оҳани «Роҳатӣ», дастурдиҳандаи корхонаи захираҳои роҳбаладони КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» Мирзоев Саймуҳиддин Рустамович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. 
Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии мошини тамғаи «Toyota — Camry», 1 бастаи  полиэтиленӣ, ки дар дохили он 4 кг 378 грамм маводи нашъадори навъи афюн буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарбонов Ибодулло Аскарҷонович, соли таваллудаш 1967, бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 1 кг 180 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
 Ғайр аз ин, шаҳрванд Ночоров Рамазон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1969, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш 620 грамм маводи нашъадори  бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон 1 кг 800 грамм маводи нашъадори  бангдона дарёфт ва мусодира намуданд.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Конибодом низ як далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пешгирӣ шуд. Шаҳрванд Бақоев Манучеҳр Мирзосафарович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар нашъаҷаллобӣ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 кг 950 грамм маводи  нашъадори  ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
 
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
 
 
 

Март 18, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!