Мусодираи маводи нашъадор дар 3 ҳолат

Март 27, 2014 16:00

 Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, зимни корҳои тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҳодисаи марбут ба маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз ҷумла,  зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода шаҳрвандон, Қурбоналӣ Маҷидов, сокини ноҳияи Ёвон, соли таваллудаш 1986 ва Хуршед  Лоиқов сокини шаҳриТурсунзода, соли таваллудаш 1985 бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови борхалтаи онҳо 4 кг 968 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира  шуд. 
 Бо ҳамин гуна ҷиноят, дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрванд Содиқҷон Азизов, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ёвон  бо 482 грамм маводи нашъадори сахттаъсири ҳероин дастгир шуд.
Ҳамчунин зимни як чорабинии дигар, сокинони шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Назаров, соли таваллудаш 1970 ва Аваз Ҳусайнов, соли таваллудаш 1980 бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. 
Ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Opel-Astra», аз зери нишастгоҳи курсии қафои мошин 380 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира  шуд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 5 кг 820 граммро ташкил дод. 
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 27, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд