Мусодираи маводи нашъадор дар 3 ҳолат
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, зимни корҳои тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 ҳодисаи марбут ба маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз ҷумла, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода шаҳрвандон, Қурбоналӣ Маҷидов, сокини ноҳияи Ёвон, соли таваллудаш 1986 ва Хуршед Лоиқов сокини шаҳриТурсунзода, соли таваллудаш 1985 бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови борхалтаи онҳо 4 кг 968 грамм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира шуд.
Бо ҳамин гуна ҷиноят, дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрванд Содиқҷон Азизов, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ёвон бо 482 грамм маводи нашъадори сахттаъсири ҳероин дастгир шуд.
Ҳамчунин зимни як чорабинии дигар, сокинони шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Назаров, соли таваллудаш 1970 ва Аваз Ҳусайнов, соли таваллудаш 1980 бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Opel-Astra», аз зери нишастгоҳи курсии қафои мошин 380 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 5 кг 820 граммро ташкил дод.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






