Мусодираи маводи нашъаовар дар Хуҷанд

Март 27, 2014 16:01

Хуҷанд, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода).-Дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд кормандони милисия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ҷамоати деҳаи Палдораки ноҳияи Масчоҳ Б. М., соли таваллудаш 1983-ро бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт намуданд. Ҳангоми боздошт аз ӯ се баста воситаи нашъадор мусодира шуд. Тибқи маълумоти ташхиси ҷиноӣ ин мавод ҳашиш буда, 1 кг 950 гр вазн доштааст. 
Нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 200 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. 
Бояд гуфт, ки дар тӯли 2 моҳу 20 рӯзи соли сипаришуда аз тарафи масъулини мақомоти милисияи Суғд 67 ҳолати нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиш 53 кг 464 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст.  
Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд,
 

Март 27, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе