Мусодираи маводи нашъаовар дар Хуҷанд
Хуҷанд, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд кормандони милисия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ҷамоати деҳаи Палдораки ноҳияи Масчоҳ Б. М., соли таваллудаш 1983-ро бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт намуданд. Ҳангоми боздошт аз ӯ се баста воситаи нашъадор мусодира шуд. Тибқи маълумоти ташхиси ҷиноӣ ин мавод ҳашиш буда, 1 кг 950 гр вазн доштааст.
Нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 200 Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки дар тӯли 2 моҳу 20 рӯзи соли сипаришуда аз тарафи масъулини мақомоти милисияи Суғд 67 ҳолати нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиш 53 кг 464 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд,








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






